Тозанашр
ТАРҒИБИ МАСОИЛИ АДАБӢ ДАР МАТБУОТИ ДАВРИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ (дар мисоли рӯзномаи Ҳақиқати Суғд ва ашъори Фарзона)
МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Мутриба Султоновна, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ; Ҳакимова Сурайё Ҳасансултоновна, н.и. ф., дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров» (Хуҷанд, Тоҷикистон)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола тарғиби масоили адабӣ дар матбуоти даврии замони истиқлол дар мисоли рӯзномаи Ҳақиқати Суғд ва ашъори Фарзона баррасӣ мешавад. Таъкид карда мешавад, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» низ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар баробари инъикоси ҳадафҳои созанда, тарғибу ташвиқи ғояҳои хештаншиносӣ, ба аҳолӣ расонидани иттилоот, омӯзиш ва ташаккули афкори ҷомеа ва амалигардонии сиёсати давлат дар тарғиби фарҳангу адабиёт ҳамзамон дар муаррифии чеҳраҳои мунир саҳми беандоза дорад. Изҳори ақида шудааст, ки рӯзномаи мавриди назар дар тарғибу ташвиқи яке аз чеҳраҳои мунири адабиёти муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона саҳми назаррас дорад. Хулоса мешавад, ки сохтор ва мавзуъву равишҳои баррасии тарғиб ва ташвиқи ашъори Фарзона дар рӯзнома ҷолиб буда, инъикоси ашъори ӯ дар саҳифаҳои рӯзнома дар шинохти масъалаҳои адабиётшиносӣ ва хештаншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Матбуот, адабиёт, «Ҳақиқати Суғд», тарғиб, шеър, масоили адабӣ, Фарзона, нашр, ашъор