Мақолаҳо тибқи  ҷадвали зерини муқарраргардида пазируфта мешаванд:  
    - барои шумораи 1(феврал) – то 1 январи соли ҷорӣ; 
    - барои шумораи 2 (май) – то 1 марти соли ҷорӣ;  
    - барои  шумораи 3 (август) – то 1 июни соли ҷорӣ;
    -  барои шумораи 4 (ноябр) – то 1 сентябри соли ҷорӣ; 
 Дар мавридҳои истисноӣ бо мувофиқаи  идораи маҷалла  мўҳлати пазироии мақолаҳо ба шумораи навбатӣ мумкин аст   барои 3 ҳафта тамдид гардад, вале на бештар аз  он.     
2.      Ҳайъати таҳририя мақолаҳои пешниҳодиро  дар давоми 2 моҳ баррасӣ менамояд.     
3.      Ҳайъати таҳририя мақоларо ҳатман  ба тақриз месупорад            
4.     Ҳайъати таҳририя  салоҳият дорад маводи расидаро  аз назари илмиву адабӣ виросторӣ  намояд, вақти зарурат пас аз     мувофиқа бо муаллиф ихтисор кунад, ва ё  агар  мақола  мавриди пазириши маҷалла бошад, онро  ба муаллиф  барои    коркарди дубора ирсол намояд.        
5.     Ҳайъати таҳририя  дар радди мақолаҳое, ки  ба талаботи муқарраргардида ё меҳварҳои мавзўии  маҷалла мувофиқат намекунанд, озод аст.         
6.     Дар сурати радд кардани мақола  ҳайъати таҳририя  ба муаллиф хулосаи асоснок ирсол мекунад.         
7.     Ба муаллифон дар бораи  ба идораи маҷалла расидани мақолаашон дар давоми 10 рўзи корӣ огоҳинома ирсол  карда мешавад. Баъди 1 моҳи сабти  мақола  идораи маҷалла ба муаллиф  дар бораи натиҷаҳои тафтиши  мавод дар барномаи «Зиддисирқа» хулосаи  муқарризи дохилӣ ва замони чопи мақола хабар медиҳад.      
8.     Ҳайъати таҳририя ба  муаллиф як нусхаи маҷалларо, ки дар он  мақолаи ў нашр  шудааст, ройгон пешниҳод менамояд.