1. Маҷалла мақола, тақриз ва хулоса(обзор)-ҳои илмиро тибқи  соҳаҳои ихтисосҳои  07 00 00 – илмҳои таърих ва археология; 10 00 00 -  илмҳои филологӣ; 13 00 00 – илмҳои педагогӣ, ки пеш дар ҳеч ҷой чоп нашудаанд, қабул менамояд. 
2. Муаллифон ба идораи маҷалла ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд: 
- матни мақола ба забонҳои  тоҷикӣ,  русӣ ва ё  англисӣ (ҳатталимкон бо тарҷумаи русӣ) , ки дар гунаи чопии он муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо гузоштаанд; 
- тақризи доктор ё номзади илм, ки ба он шўъбаи кадрҳои ҷои кори муқарриз мўҳр гузоштааст; 
- маълумотнома аз ҷои таҳсил (барои аспирантону магистрантон) 
- гунаи чопии ҳуҷҷатҳо ба идора ба суроғаи зерин ирсол мешавад:
735700, ҶТ, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52 утоқи 33  Гунаи электронии мақола ба почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол мешавад. Телефон барои маълумот: 8 (3422) 4-54-51; суроғаи торнома: https://uchzap.tj
Тибқи талаботи КОА ВМИ ФР мақола бояд унсурҳои зеринро дарбар гирад:
 - индекси УДК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад); 
- индекси ББК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад); 
- ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ё русӣ ва англисӣ; 
- унвони илмӣ, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмӣ (тибқи номгўй), ки тадқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ, ё  русӣ ва англисӣ; 
- аспирантон, унвонҷўён, муаллифон, докторантҳо номи кафедра ва муассисаи илмиро (магистрантҳо – самти омодагиро) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ё русию англисӣ  зикр менамоянд; 
- зикри мансаб, ҷои кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ,  ё русию англисӣ; 
- e-mail; 
- номи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ,  ё русию англисӣ (бо ҳарфҳои калон,  ҳуруфи Times New Roman 14 ё Times New Roman Tj 14, тароз дар мобайн);
 - чакида ба забонҳои тоҷикиву русию англисӣ (ҳуруфи Times New Roman), аз 100 то 250 вожа бо зикри мақсаду вазифаи таҳқиқ, баёни мухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дар бар мегирад;
 - вожаҳои калидӣ ба забонҳои русию англисӣ оварда мешаванд (5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад; ҳуруфи TimesNewRoman 14, тарҳаш – курсив, тароз дар бар, вожаҳои ё ибораҳои калидӣ бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);
 - ба мақола ҳатман номгўи адабиёти мавриди истифода бо зикри танҳо сарчашмаҳои иқтибосгардида замима мешавад; Рўйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчаш­маи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рўйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ Р 7.01.11-2011 бояд риоя шавад;
 - иқтибосҳо дар қавсайн бо сабти рақами адабиёт аз рўи рўйхати сарчаш­маҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд;  - матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.
 Мақолаҳое, ки ба идораи маҷалла бо риоя нагардидани талаботи мазкур манзур мешаванд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
 Масъулияти салоҳият, боэътимодии аснод ва мўҳтавои мақолот бар дўши муаллифон ва муқарризон мебошад.