Сиёсати идораи маҷалла
Сиёсати маҷалла Маҷаллаи «Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ» аз соли 2001 чоп мешавад. То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «Филология», “Таърих”, “Педагогика”, «Ҳуқуқшиносӣ», “Сиёсатшиносӣ ва сотсиология»,“Фарҳангшиносӣ”, ”Философия”, “Психология” «Тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 силсилаиилмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии “Номаи донишгоҳ” танҳо дар доираи сесоҳа - “Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ”, “Илмҳои филология”, “Илмҳои педагогика” мақола чоп менамояд.
Самтҳои муҳими фаъолияти нашрияи «Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ» инъикоси мақолоти пажӯҳишии нави илмиро дар заминаи тахассусҳои улуми таърих, бостоншиносӣ,адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва педагогика дар бар мегирад. Дар назди ҳайъати таҳрир ва шўрои мушовараи маҷалла вазифаи муҳими зерин меистад: ҳифзи сатҳи баланди илмии маводи чопшаванда, ки дар онҳо масоили мубрами кишвар ва олами муосир инъикос ёбанд ва шомили ѓояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат мекунанд. Дармаҷалла мақоми рўзафзуниулуми башарӣдар пешрафти ҷаҳони муосир дар таҳқиқоти мутахассисони баландихтисос инъикос меёбад.
Ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳои илмиеро чоп менамоянд, ки ба ҳалли масоили амалии улуми гуманитарӣ нигаронида шуда бошанд. Дар онҳо истифодаи усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумлаи шароити ҳатмии чопи мақолаҳо мебошад. Дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир, донишҳои гуманитарӣмавқеи фавқулода муҳим мебозад.
Барои насли наврас донистани асли худ, таърихи ватану ҷаҳон ҳойизи аҳамияти бузург аст. Бино бар ин, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аслӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рўи масоили аз ҳама муҳимтарини таърихи ватан, таърихи умумӣ, бостоншиносӣ, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ, таърихи илм ва техниканашр мегарданд, ҳамчунин чопи ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ вориднагардида ба субут мерасад. Дар соҳаи филология мақолаҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносие ба нашр мерасанд, кидар онҳо масъалаҳои мухталифи адабиёту фолклори миллӣ, адабиёту фолклори кишварҳои гуногун, назарияи адабиёт, матншиносӣ, журналистика, забони давлатӣ, забонҳои кишварҳои олам, назарияи забон, забоншиносии таърихиву татбиқӣ, амалӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор ёбад.
Дар соҳаи педагогика маводе пазируфта мешаванд, ки фарогири масоили умдаи илми педагогика, аз ҷумла таърихи педагогика ва маориф, назария ва методикаи таълиму тарбия бошанд. Маҷалла ба феҳрасти маҷаллаҳо ванашрияҳои илмии пешбари тақризшавандаи Федератсияи Русия , кинатиҷаҳои асосии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илмҳо дар онҳо бояд интишор гарданд, шомил шудааст.