Тартиби қабул ва тақризи мақола
Маҷалла асарҳои илмии қаблан чопнашударо тибқи пешниҳоди муассисаи илмӣ ва ё мактаби олӣ ва бо тақризи мутахассиси соҳаи марбути илм оид ба соҳаи илмҳои зерин қабул мекунад:
07.00.00.- Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ.; 10.00.00.- Илмҳои филологӣ; 13.00.00. – Илмҳои педагогӣ.
Мақолаи аспирантон, унвонҷўён ва устодони бе унвони илмӣ бо пешниҳоди роҳбари илмӣ ва бо тақризи мутахассиси соҳаи марбути илм қабул карда мешавад.
Редаксия мақоларо ба узви ҳайъати таҳрир, ки намояндаи соҳаи марбути илм аст ё ба мутахассиси беруна барои тақриз мефиристад.
Ҳайъати таҳрир дар асоси тақризҳо дар бораи қабул шудан ё нашудани мақола қарор қабул мекунад.
Дар сурати қабул нашудани мақола ҳайъати таҳрир ба муаллиф қарори асоснок ирсол мекунад.
Муаллиф ҳақ дорад бо тақризи манфии ба мақолааш додашуда шинос гардад.
Масъулияти дурустии аснод ва мўҳтавои маводи пешниҳодӣ бар дўши муаллифон аст.
Матни маводи пешниҳодшаванда, бояд ҷавобгўи қоидаҳои имлои забон ва орӣ аз ҳар гуна ғалатҳои имлоиву маъноӣ бошад.
Мақолаҳои барои ба чоп қабулшуда ҳатман аз санҷиши барномаи зидди сирқот – «Антиплагиат» мегузаранд. Дар ҳолати аз 75% камтар муайян гардидани эҷодкории муаллиф мақола барои ислоҳ ва коркарди дубора ба муаллифаш бозгардонида мешавад.
Дар сурати риоя нагардидани талаботи болоӣ идораи маҷалла ҳақ дорад, ки маводи манзуршударо барои тақриз ва баррасии ҳайати таҳрир нафиристода, ба бойгонӣ супорад.