Саҳифаи сармуҳаррири рӯзнома
Саҳифаи сармуҳаррири рӯзнома
Усмонзода Аюб Ислом
доктори илмҳои таърих, профессор, ректори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”
Ҷои кор: МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Тел: + 992(83422) 6-52-73
Дар бораи сармуҳарир: https://www.hgu.tj/personlist/viewperson/98.html
Ҳамкасбони азиз!
Ба таваҷҷӯҳи шумо маҷаллаи пажӯҳишии «Номаи донишгоҳ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ»-и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” пешниҳод мегардад. Маҷалла нашрияи илмиву амалӣ буда, барои муҳаққиқон, докторантҳо, аспирантҳо, довталабони унвонҳои илмӣ, магистрантҳо, устодони донишгоҳҳо ва ҳама хонандагони ба маводи он таваҷҷӯҳдошта пешбинӣ шудааст. Ҷуғрофиёи муаллифони маҷалла танҳо маҳдуд ба Тоҷикистон набуда, дар он мақолаҳои муҳаққиқони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин хориҷи наздику дур, Олмон, Италия, Чин ва ғайра пешкаш мегардад. Маҷалла ба олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мубодилаи дониш ва таҷриба дар истифодаи дастовардҳои илм дар соҳаи улуми башарӣ ва ҷомеашиносӣ кӯмак мерасонад.
Нашрияи илмии «Номаи донишгоҳ” дар шабакаи Интернет www.uchzap.tj нусхаи пурраи онлайн дорад, ҳамаи мақолаҳои маҷалла пурра дар китобхонаи электронии илми (РИНС) - https://elibrary.ru ва дар вебсайти Cyberleninka / ҷойгир карда шудаанд . Маҷалла ҳамчун нашрияи даврии чопӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. (Шаҳодатномаи бақайдгирии № 225/МҶ аз 10 декабри соли 2021).
Маҷалла манфиатҳои пажӯҳишгарони улуми инсонӣ ва ҷомеашиносиро бо хоҳиши васеъ кардани фазои иттилоотӣ барои ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ муттаҳид мекунад.
Маҷалла барои иҷрои ҳадафҳо ва вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
— ба муҳаққиқони ҷавон ва тамоми олимони соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ имкон фароҳам меорад, то ин ки натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро нашр намоянд;
- натиҷаҳои тадқиқот ва фаъолияти илмию амалии олимони тоҷик, рус ва хориҷиро дар соҳаҳои илмҳои таърих, филология ва педагогика нашр мекунад;
- ба рушди робитаҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои таърих, филология ва педагогика мусоидат намояд;
- мусоидат ба ташаккули баҳсҳои ошкорои илмӣ, мусоидат ба баланд бардоштани сифати тадқиқоти рисолаҳо;
— диққати намояндагони илмҳои чамъиятшиносй ва гуманитариро ба проблемахои афзалиятнок ва самтхои ояндадори рушди илмхои филология, педагогика ва таърих ҷалб намояд;
- мусоидат ба пешбурди дастовардҳои асосии фаъолияти илмии олимони Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ ва муҳокимаҳо дар миқёси байналмилалӣ;
мусоидат ба рушди фазои ягонаи иттилоотии иртибототи илмӣ дар соҳаи маориф, таърих ва филология;
«Номаи донишгоҳ» асосан мақолаҳои илмии дорои характери илмию методӣ, инчунин тақризу хулосаҳои китобҳои нави таърих, филология ва педагогика ба табъ мерасонад. Доир ба масъалаҳои таърихи миллӣ, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ ва усулҳои тадқиқоти таърихӣ, таърихи илму техника, адабиёти рус, адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ, журналистика, назария ва методикаи таълиму тарбия ва ғайра мақолаҳо ба табъ мерасонад.
Ҳайати таҳририя ҷиҳати баланд бардоштани сифати нашри онҳо мутобиқи талабот ва меъёрҳои Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Русия барои маҷаллаҳои илмӣ, ворид намудани маводи чопшуда ба махзани иттилоотии русӣ ва байналмиллалии библиографӣ кор мебарад. .