1. Шароити нашри мақола:
          •        Мақолаи пешниҳодӣ бояд пажӯҳиши  мустақил ва ба поёнрасидае бошад, ки:  аз ҳалли  масъалаи  муҳими тахассуси маҷалла бархурдор бошад; марбут  ба инъикоси   масъалаҳои умда ва ояндадори  самтҳои улуми таърих, филология ва педагогика дар сатҳҳои байналмилалию миллӣ бошад; мақола бояд  навовариҳо, гузоришу ҳалли  масъалаҳо (проблемаҳо)-ро доро бошад; натиҷаҳои  асосии таҳқиқотро инъикос кунад.
         •           Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.
2.
 Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:
         •          мақола  дар рӯи коғаз ва дар ҳомили электронӣ (тавассути  e-mail ё дар диск) дар формати  А4, таҳти нармафзори  Microsoft Word , андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ  тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 15 саҳифа барои  аспиранту унвонҷўён,  ҳамчунин  барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё  доктори илмҳо мебошанд;
       •        ба мақола  чакида дар ҳаҷми на кам аз  100  ва на зиёда аз 250 калима, ки  мўҳтавои асосии мақола  ва натоиҷи таҳқиқро инъикос мекунад, ҳамчунин вожаҳои калидӣ дар ҳудуди  на кам аз  5-7 вожа ё ибора замима мегардад;
       •        дар мақола бояд ирҷоъ ба сарчашмаҳои мавриди истифода  мавҷуд бошанд, ки тибқи  феҳристи сарчашмаҳо дар поёни он оварда, дар қавсайн навишта мешавад.
       •        ба мақола  маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷўйӣ), телефонҳо барои тамос,  e-mail, индекси почта  ва нишонӣ бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.
      •        муаллиф бояд матни  мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти ҳар мақола аз назари мӯҳтавои илмӣ ва назароти матраҳшуда дар матни он ба ӯҳдаи муаллиф(он) аст.
3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:
      •        матни мақола дар коғази сафед  ё ҳомили электронӣ ба идораи маҷалла  ба нишонии зерин   фиристода мешавад: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52, утоқи № 33  ба муҳаррири масъули маҷалла Тоҷибоев Шарифҷон Ғайбуллоевич,  e-mail:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
       •        муаллифон ҳамчунин тақризи муқарризро, ки  бо имзо ва мўҳри муассиса ба тасвиб расидааст, ирсол менамоянд.Тақризи ирсолӣ боисӣ муҳиммияти  масъала ва саҳми муаллифро  дар ҳалли  проблемаи мавриди пажӯҳиш инъикос кунад,; дар тақриз ҳамчунин  бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Номаи донишгоҳ.Сисилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ» мавҷуд бошад;  
       •        муаллифоне, ки кормандони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров нестанд, ба мақола мактубро ба номи  сармуҳаррири «Номаи донишгоҳ.Сисилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ»   Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо имзои  роҳбари муассисае, ки дар он муаллифи  мақола  таҳсил ва ё кор  мекунад, замима менамоянд.