Ҳайъати таҳририяи маҷалла мақолаҳо, тақриз ва хулоса(обзор)-ҳои илмии дар нашрияҳои чопию электронӣ қаблан чопнашударо барои баррасию нашр қабул менамояд, ки ғояҳои илмӣ, натиҷаю дастовардҳои тадқиқоти бунёдии назариявию амалиро оид ба соҳаҳои улуми физикаю математика, биологияи умумӣ, иқтисодиёт фаро гиранд;

 - қарор дар бораи чоп ё радди чоп дар асоси муҳиммият, навоварӣ ва аҳамияти илмии маводи пешниҳодгардида қабул карда мешавад;

 - муаллиф (ҳаммуаллиф)-он масъулияти дурустии ансоди илмии маводи пешниҳодӣ ва ҳамаи додаҳоеро, ки мақола, хулоса ва тақризҳо фаро мегиранд, ба дӯш доранд; - кулли маводи ба идораи маҷалла расида, ҳатман дар торномаи http://antiplagiat.ru мавриди санҷиш қарор мегиранд, сипас ҳайати таҳририя муаллиф(ҳамму¬аллиф)-онро дар бораи натиҷаи арзёбии дастнавис ва ба тақризи минбаъда пазируфта шудани мавод ё радди пешниҳоди он ба тақриз огоҳ менамояд;

 - мақола, хулоса ва тақризҳои ба идора расида, дар сурати ҳисоботи мусбати барномаи зиддисирқаи сомонаи http://antiplagiat.ru бо мақсади арзёбии минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони пешбари соҳаҳои марбути илм ба тақризи дохилӣ фиристода мешаванд;

 - мақолаҳои ба тақризи дохилӣ пешкашшуда бояд пурра тибқи талаботе, ки дар сомонаи маҷаллазикр гардидаанд, таҳия карда шаванд;

 - агар дар тақриз оид ба ислоҳу такмили мақола тавсияҳо пешниҳод шуда бошанд, ба муаллиф эроду мулоҳизаҳои муқарриз (бе сабти ному насаби ў) барои такмилу ислоҳи мавод ирсол мешавад;

- муаллиф маводи такмилдодаро ба идораи маҷалла мефиристад ва идора онро якҷоя бо ҷавоби муаллиф тибқи ҳар моддаи эрод ба тақризи такрорӣ мефиристад.

 - ҳайати таҳрир ба таҳрири мақола бидуни тағйир додани мўҳтавои илмии он ҳақ дорад. Хатоҳои имлоию услубиро мусаҳҳеҳ бидуни мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) ислоҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ислоҳҳо бо муаллиф (ҳаммуаллифон) мувофиқа карда мешавад;

 - варианти барои такмил ба муаллиф (ҳаммуаллифон) фиристода бояд дар мўҳлати муқарраргардида, баъди ворид сохтани ислоҳу тағйирот дар намудҳои электронӣ ва чопӣ ба идора баргардонда шавад;

- мақолаҳое, ки ба чоп қабул нашудаанд, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) баргардонда намешаванд. Дар мавриди радди чопи мавод идораи маҷалла ба муаллиф (ҳаммуаллифон) раддияи мудаллал ирсол мекунад; - тибқи дархости шўроҳои коршиносии КОА ВМИ ФР идораи маҷалла ба онҳо тақризҳоро пешниҳод менамояд.