ҲИФЗИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ СОМОНАИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сатторова З.А., Исмоилова М.И.pdf)ҲИФЗИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ СОМОНАИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУҲИФЗИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ СОМОНАИ ДОНИШГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО10

 


МУАЛЛИФ: Сатторова Замира Абдуҷабборовна, дотсени кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума; Исмоилова Мафтунахон Исмоилхӯҷаевна, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Таджикистан, Хуҷанд)

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Мақолаи мазкур ба таҳқиқи нақши сомонаҳои донишгоҳҳои вилояти Суғд дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ бахшида шудааст. Дар шароити афзоиши ҷангҳои иттилоотӣ ва паҳншавии ахбори нодуруст, веб-сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, ҳамчун воситаи асосӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва маърифатнокии ҷомеа хизмат мекунанд. Муаллифон нақши сомонаҳои донишгоҳҳои вилояти Суғдро дар муқовимат бо иттилооти бардурӯғ, таҳкими самтҳои сиёсати давлатӣ, рушди саводнокии иттилоотӣ ва барномаҳои маърифатӣ баррасӣ намудаанд. Дар асоси таҳлилҳои қиёсӣ нақши сомонаи муассисаҳои таълимӣ дар самти таҳкими амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи манофеи давлатӣ арзёбӣ шудааст. Ҳамзамон, дар мақола сифати маводи сомонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри таҳкими муҳтаво ва таъсирнокии он тавсияҳо манзур шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

воситаҳои ахбори омма, матбуот, сомона, расона, иттилоот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Суғд, муборизаи иттилоотӣ, манфиати миллӣ, амнияти давлатӣ.