Тозанашр
АРЗИШ ВА АҲАМИЯТИ ТАPҶУМАҲОИ ӮЗБЕКИИ АШЪОРИ ҲOФИЗ
МУАЛЛИФ: Қаюмова Феруза Абдувойитовна, н.и.ф. дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба баррасии тарҷумаҳои ӯзбекии ашъори Ҳофизи Шерозӣ, мақоми шоир дар адабиёти ӯзбек, таваҷҷуҳи мутарҷимони ӯзбекзабон ба ашъори Ҳофиз, мавҷудияти якчанд вариантҳои тарҷумаи ӯзбекии ғазалиёти Ҳофиз ва арзиш ва аҳамияти адабии онҳо, таҳлили қиёсии онҳо бо матни аслӣ бахшида мешавад. Таъкид мегардад, ки Ҳoфизи Шерoзӣ дар баробари дар мақоми бузург доштан дар адабиёти классикии тoҷик ба адабиёти туркизабoн низ таъсири самарабахше расонидааст. Дар натиҷа суханварoни зиёди туркигӯй низ аз Ҳoфиз таъсир пазируфтанд, ба ӯ пайpaвӣ карданд ва ба ғазалҳoяш татаббуъҳo бастанд. Ҳамчунин кӯшишҳои мутарҷимони зиёди муосири ӯзбек Хуршид, Муинзода, Чустий, Васфий, Шоислом Шомуҳамедов, Ҷуманиёз Ҷабборов, Эркин Воҳидов, М. Кенҷабек дар тарҷумаи ӯзбeкии ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, ба сифати беҳтарин намунаҳо тарҷумаҳои Хуршед, Чустий, А. Суюн, Ш. Шомуҳаммедов, М. Шайхзода ва дигарон муаррифӣ мегардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
матни аслӣ, тарҷума, таъсир, равобити адабӣ, таъсири шоирони классикии тоҷику форс ба шоирони ӯзбек, ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, мутарҷимони ашъори Ҳофиз, вазн, қофия ва радиф, арзиши тарҷумаҳои ӯзбекии ашъори Ҳофиз, таҳлили қиёсии тарҷумаҳо бо асл.