Тозанашр
ТАЪСИРПАЗИРӢ ВА ИСТИҚБОЛИ ОЗОД АМИНЗОДА АЗ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
МУАЛЛИФ: Абдурашидова Умеда Раҳимҷоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур зиндагинома, мероси бузурги шоири классик Камоли Хуҷандӣ ва бардошти шоири ширинкалом Озод Аминзода аз симо ва мероси дорои ғояҳои баланд, ашъори нобу пурмӯҳтаво, ғазалҳои ошиқонаву орифона ва тараннуми ватан мавриди таҳқиқ қарор ёфтааст. Инчунин, таассуроти Озод Аминзода аз мавзӯву мӯҳтаво, услуби нигориш ва сабки хосаи Камоли Хуҷандӣ бо овардани порчаҳои назмӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст. Дар мақола ҷойгоҳи ғазалиёти Камол дар ашъори О. Аминзода аз якчанд маврид ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Аз ҷумла, эътирофи мақоми ҳунарии Камол аз ҷониби Аминзода ва баҳои баланди ӯ ба шеъру андешаҳои вай, ҳамчун як ҷузъи ифтихори миллӣ дар муаррифии Хуҷанди бостон ифтихори ватандорӣ ва рамзӣ тасвир гардидани ашъори Шайх Камол, истиқбол аз авзони шеърӣ ва сабки суханварии Камоли Хуҷандӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Камоли Хуҷандӣ ҳамчун як ҷузъи ифтихори миллӣ дар шеъри муосири тоҷик, аз ҷумла, Озод Аминзода ҷойгоҳи махсус дорад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шоир, адабиёти тоҷик, фаъолияти эҷодии шоир, мавзӯи эҷодиёт, рисолати шеър, маърифат, ангеза, шинохти ғояҳои баланду барҷастаи мероси адабии бузургон.