Тозанашр
“РАБЕЪ-УЛ-АБРОР”-И ЗАМАХШАРӢ
МУАЛЛИФ: Тӯйчиева Маҳфуза Олимҷоновна, унвонҷӯи кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба баррасии асари пурарзиши адабиёти арабу аҷам - “Рабеъ-ул-аброр”-Замахшарӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки оид ба сарчашма ва нусхаҳои он, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз мебошад, маълумоти мухтасар иншо шудааст. Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки сабаби гуногунзикрии унвони асарро такя ба сарҷашмаҳои муътамад матраҳ намояд. Асари мавриди омӯзиш маҷмуи панду амсол, мақолу зарбулмасалҳо ҳикматро дарбар гирифта, дар олами ислом хеле маъруфу машҳур мебошад. Бояд гуфт, ки “Рабеъ-ул-аброр”-и Замахшарӣ зарифтарин нукоти адабӣ, ҷолибтарин ахборӣ таърихӣ комилан таҷассум намудааст ва ҳар чи зудтар ба забони тоҷикӣ тарҷума шавад ва дар байни илму адаби тоҷик мақоми арҷманд пайдо намояд ва чароғи садҳо маҳфилҳо гардад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
“Рабеъ-ул-аброр”-и Замахшарӣ, тарҷума, нусха, дастхат, китобхона, сарчашма, таърихи адабиёт, адабиёти тоҷик.