МУҲТАВО ВА ШЕВАИ НИГОРИШИ МАҚОМОТИ БАДЕУЗЗАМОНИ ҲАМАДОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рашидова Дилафрўз Абдуќаюмовна.pdf)МУҲТАВО ВА ШЕВАИ НИГОРИШИ МАҚОМОТИ БАДЕУЗЗАМОНИ ҲАМАДОНӢМУҲТАВО ВА ШЕВАИ НИГОРИШИ МАҚОМОТИ БАДЕУЗЗАМОНИ ҲАМАДОНӢ2

 


МУАЛЛИФ: Рашидова Дилафрӯз Абдуқаюмовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Маълум аст, ки мавзуоти мақомоти Бадеъуззамони Ҳамадонӣ хеле ҷолиб буда, он бо услуби хос офарида шудааст, ки ин адиби барҷаста ва мубтакир, дар масири мақоманависӣ ба ҳадде, ҳудуди муайянеро муқаррар намудааст. Қайд карда мешавад, ки мавзуи мақомот танҳо шомили гадоӣ нест, балки Абулфатҳи Искандарӣ дар либоси мухталифе зоҳир мешавад ва аз масоили гуногуне чун адиби тавоно сухан мегӯяд ва бо баёни шева ва соҳири худ, ҳар лаҳза дар ҷалби динор ва дирҳам ҳиллаҳои дигаре ба кор мебандад.Ҳамин тавр, санъати волоӣ танзпардозӣ, бадеҳасозӣ, тамсилофаринӣ ва саҷъи бетакаллуф дар калом ва мавҷудияти ҳама ин дар мақомоти Бадеуззамон аст, ки муҳақиқон ва мутарҷимони мақомоти ӯ ин асарро бемисл медонанд. Бад-ин сабаб тарҷумаи он, агар ҳарчанд дақиқона ва бо як ҳунари воло сурат гирад, танҳо ҳиссаҳои аз онро мунтақил мекунад. Ҳол он ки Ҳарирӣ бузургтарин мақоманавис пас аз Бадеуззамон, дучори такаллуф шуд ва дар интиқоди иҷтимоӣ ҳам ба пояи Бадеуззамон нарасидааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

Бадеъуззамони Ҳамадонӣ, адиби тавоно, муҳақиқон ва мутарҷимони мақомот, Абулфатҳи Искандарӣ.