Тозанашр
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
МУАЛЛИФ: Шарифова Гулпарӣ Ҳамдамовна, н.и.ф., дотсент мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (Тоҷикистон, Панҷакент)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллиф роҷеъ ба худшиносии миллӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, истиқлолияти руҳӣ дар он, таъриху фарҳанг ва маданияту озодӣ, тасвири қаҳрамонони ин асари беназир иттилоъ медиҳад. Ӯ менигорад, ки инъикоси ривоёту таърихи халқи худ, шинохти ҷабҳаҳои он, тавъам кардани асотиру таърих, пайвасти руҳонии шоҳномасаро ва қаҳрамонони он, балки кулли ҳаёти ин ҳамосасарои беназир, бешубҳа, барои пойдор гардонидани кохи сухан, бузург аст. «Шоҳнома» бо эҷод гардиданаш таъриху тамаддуни халқи форсу тоҷикро мунъакис карда, фалсафаву ҳаётро тариқи назми волову фаҳмову равон ифшо намуд, ин шоҳасар хазинаи тиллоии фарҳанги ғании халқи тоҷикро зиннатбахш аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
«Шоҳнома», Абулқосим Фирдавсӣ, қаҳрамон, худшиносӣ, таърих, асотир, ривоят, миллат, ҳаким, истиқлолияти руҳӣ, асари беназир, достон.