Тозанашр
ҶОЙГОҲИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ОСОРИ ИЛМИИ СОҲИБ ТАБАРОВ
МУАЛЛИФ: Ҳамидзода Зебунисо Абдуқодир, омӯзгори кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ( Тоҷикистон, Кӯлоб)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур муаллиф зиндагиномаи Садриддин Айниро дар пажуҳишҳои Соҳиб Табаров таҳлил намудааст. Дар натиҷаи тадқиқоти гузарондаи хеш муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки Соҳиб Табаров аз оғози фаъолияти илмии хеш ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хос доштааст. Агар нахустин рисолаи калонҳаҷми ӯ «Романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» бошад, охирин рисолаи калонҳаҷми ӯ «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)» аст. Тамоми мақолаҳо ва рисолаҳое, ки С. Табаров доир ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии С. Айнӣ таълиф кардааст, қимати баланди илмӣ доранд. Махсусан, ин ду рисола дар омӯзиши дурусти зиндагӣ ва фаъолияти С. Айнӣ хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Муҳаққиқ ба ин усул на танҳо ба рӯзгору кори Айнӣ хонандаро ошно месозад, балки ашъори ӯро таҳлил намуда, сарчашмаи тарзи эҷоду нигоришашро муайян менамояд, дастовардҳояшро бозгӯ мекунад. Ин шеваи кор ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи дигари адабиётшиносӣ, яъне адабиётшиносии муқоисавӣ иртибот мегирад. Шахсияти Садриддин Айнӣ дар таҳқиқоти Соҳиб Табаров васеву фарогир буда, муҳаққиқ мавқеи адибро дар таърихи адабиёт, таърихи миллат дуруст муаяйн кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Садриддин Айнӣ, Соҳиб Табаров, адиб, равшанфикр, тараққӣ, масъалаҳои муҳимми адабиётшиносӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ, матншиносӣ, ҷадидия, маорифпарвар.