САБАБҲОИ ТАЪВИЛПАЗИРИИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева М.С.pdf)САБАБҲОИ ТАЪВИЛПАЗИРИИ ШЕЪРИ ҲОФИЗСАБАБҲОИ ТАЪВИЛПАЗИРИИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ1

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Муътабархон Саидмуртазоевна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Шеъри Ҳофиз бо мазмуну муҳтавои ошиқонаю орифона, мадҳу тавсиф, тарзи инъикоси эътиқодоти мутафовут, авотифи гуногуни инсонӣ ва маонии муттаъадиди вожаҳо бо мухотабон иртиботи хос дошта, ҷанбаи дунявӣ, ошиқона, мадҳӣ ва мазомини мухталиф, аз ҷумла ирфонӣ дарунмояи онро ташаккул ва таҳаввул бахшидааст. Ба ин далел, мушаххасоти умда ва гуногунпаҳлуи маънавӣ, тарзи ҳадафманди тасвир, маънии таҳтулматнӣ ва зоҳирии шеъри Ҳофиз дар тули замонҳо мушкилоти фаҳм ва дарки саҳеҳи ин осорро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, мо дар такя ба шеъри шоир ва манобеи муҳим, аз ҷумла баъзе шарҳҳои қадима, саъй кардем, ки сабабҳои воқеӣ ва мизони таъвилпазирии шеъри шоирро дар заминаи мушкилоти маънавӣ, коркарди саноеи бадеӣ, аз ҷумла истиора, иҳом, киноя, гуногунмаъноии вожаҳо, муҳовароту мусталеҳоти рӯзмарра, ки дар ташаккули сохтори мундариҷавӣ ва бадеии шеъри шоир таъсиргузор будаанд, ба таври мушаххас таҳқиқ ва арзёбӣ намоем.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

таҳлил, шарҳнависӣ, ғазал, Ҳофиз, омил, сабаб, таъвилпазирӣ, воқеӣ, ирфон, ориф.