ҚАСИДА ДАР ТАРКИБИ МАСНАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тоҷибоев Ш.Ғ.pdf)ҚАСИДА ДАР ТАРКИБИ МАСНАВӢҚАСИДА ДАР ТАРКИБИ МАСНАВӢ1

 


МУАЛЛИФ: Тоҷибоев  Шарифҷон  Ғайбуллоевич, н.и.ф., дотсенти  кафедраи  адабиёти классикии тоҷики  МДТ  “ДДХ  ба  номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Мақола ба таҳлили раванди дарҳамоии жанрҳо дар адабиёти асрҳои XIV-XV, бо таваҷҷуҳ ба воридшавии қасида ба сохтори маснавӣ, бахшида шудааст. Зикр мегардад, ки омезиши жанрҳо дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ равандест, ки аз давраҳои пешин мавҷуд буда, ҳамчун шакли нави эҷодӣ зуҳур мекунад. Дар ин раванд, унсурҳо ва хусусиятҳои шакливу мазмунӣ аз жанрҳои мухталиф ба ҳам омехта шуда, боиси эҷоди навгонӣ дар шеваҳои баён мегарданд. Ин таҳаввулоти адабӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва талошҳои суннатшикании шоирон маҳсуб шуда, ба рушди шаклҳои нави баён мусоидат менамояд. Дар натиҷа, на танҳо имкониятҳои эҷодии адабиёт васеъ мегарданд, балки зебоишиносии наверо ба вуҷуд меоранд, ки хонандагонро ба қабули осори бадеӣ аз дидгоҳҳои мухталиф ва дар бофтори маъноии мураккабтар ҳидоят мекунад. Зуҳури қасида дар таркиби маснавӣ яке аз намунаҳои равшани омезиши жанрҳо дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Аз шоирони пешраве, ки ин услубро ба кор бурдааст, Мири Кирмонӣ мебошад, ки дар маснавии "Маҷмаъ-ул-латоиф" ду қасидаро ҷой додааст. Ӯ қасидаро ҳамчун унсури ёридиҳанда ва ҷузъи муҳими баёнӣ дар сохтмони маснавӣ истифода бурда, нишон медиҳад, ки жанрҳои мухталиф метавонанд якдигарро мукаммал намуда, асарро аз лиҳози мазмунӣ ва таъсиргузорӣ ғанӣ гардонанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

маснавӣ, қасида, адабиёти асрҳои XIV- XV, Мири Кирмонӣ, "Маҷмаъ-ул-латоиф", суннат, навоварӣ