Тозанашр
РОҶЕЪ БА ТАЪЛИМИ МУҚОИСАВӢ - ТИПОЛОГИИ КАТЕГОРИЯҲОИ ФОНЕТИКӢ
МУАЛЛИФ: Воҳидова Нодира Абдусатторовна, н.и.ф., мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои хориҷӣ; Аҳмадҷонова Манижаҷон Раҳимҷоновна, магистранти курси дуюми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷии МДТ «ДДХ номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таълими хусусиятҳои фонетика, аз ҷумла, моҳияти фонема, системаи садонок ва ҳамсадоҳо, ҳиҷо, зада ва тағйирёбии оҳанг дар ҷараёни нутқ, усули муқоисаи типологии таҳқиқ ва таълими забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар мактабҳои олии тахассуси филолгӣ барои донишҷӯён ва магистрантон нигаронида шудааст.Усули муқоисавии типологӣ имкон медиҳад, ки дар забонҳои гуногунсохт, аз ҷумла, тоҷикӣ ва англисӣ қоидаву қонунҳои умумӣ ва хусусии забонҳо муайян карда шаванд. Ки онҳо дар бобати ба дар таълими забони англисӣ ба сифати забони такягоҳӣ ба кор бурдани забони тоҷикӣ чун усули самараноки омӯзиши забонҳо шароити мусоид фарҳам меорад.Фонетика унсури нахустини сохтори забонҳои гуногунсохт аст, ки он барои қисматҳои дигари забоншиносӣ – лексика, морфология, синтаксис ҳамчун замина хидмат менамояд. Муқоисаи типологии таълими забонҳои гуногунсохт аз ҷониби методистону омӯзгорон ба сифати методологияи иноватсионии муосир қабул гардидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таълими забонҳои англисӣ, тоҷикӣ, омӯзиши муқоисавӣ-типологии фонетика, фонема, системаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, сабки фонетикӣ, забони такягоҳӣ.