Тозанашр
ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАТНИИ МАТЕМАТИКӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
МУАЛЛИФ: Миршоев Абдушаҳид Абдумуминович, дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур муаммои баланд бардоштани асосҳои методологии ташаккули салоҳияти тадқиқотӣ дар синфҳои ибтидоӣ ҳангоми таълими масъалаҳои матнии математикӣ тавассути иҷро намудани кори мустақилона зимни манзур намудани маводи нав ва пешниҳоди минбаъдаи мантиқии он баррасӣ шудааст. Баъзе тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи онҳо дода шудаанд.Дар мақола муҳим будани таълими математика дар раванди аз худ намудани ҳамагуна донишҳо зурур дониста шудааст. Асосҳои донишҳои математикӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ заруранд. Ҳадафҳои ташаккулдиҳии асосҳои донишҳои математикии хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни математика дар амалия татбиқ кардани он аст. Дар синфҳои ибтидоӣ татбиқи математика ин тавонистани ҳалли масъалаҳои матнӣ, бо воситаи он ташаккулдиҳии фикрронии мантиқӣ ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии кӯдакон мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
масъалаҳои матнии математикӣ, синфҳои ибтидоӣ, кори мустақилона, система, раванди таҳсил, талабот, намуди кори мустақилона.