Тозанашр
МЕТОДИКАИ БОЙГАРДОНИИ ЗАХИРАИ ЛУҒАВИИ КӮДАКОНИ ТОҶИКЗАБОН АЗ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ
МУАЛЛИФ: Бедилова Мафтуна Ҳусайновна, ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе,
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Барои бомуваффақият омӯзондани забони русӣ ба кӯдакони тоҷикзабон дар муассисаҳои томактабӣ дуруст ва комил гузаронидани кор бо луғат ба аҳамияти калон соҳиб аст. Омӯзгор-мураббӣ бояд методикаи кор бо луғатомӯзиро хуб донад. Қисмати муҳимми самти кор дуруст шарҳ додани маънои калимаҳои нав, мустаҳкам кардан ва фаъол гардонидан вожаҳои азхудшуда дар нутқи русии кӯдакони тоҷикзабон маҳсуб меёбад.
Омӯзгор-мураббӣ корро бо дарназардошти синну соли кӯдакони хурдсол, қудрат ва нерӯи зеҳнии онҳо дар азбар намудани калимаҳо бо талаффузи дурусти овозҳои русӣ, интонатсияи дуруст бояд ба низом андозад. Дар ҳар як дарс тавия дода мешавад, ки бачагог на кам аз 3-4 калимаи навро азхуд карда бошанд. Ба бойшавии захираи луғавии кӯдакони хурдсол аз ёд кардани шеърҳои ҳаҷман наонқадар калон, зарбулмасал ва мақолҳои русӣ ва мусоидат мекунад. Яке аз манбаҳои муҳимми ғанигардии захираи луғавии кӯдакон донистани забони русӣ аз ҷониби волидон ва дигар наздикони хонавода мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
методика, таълим, забони русӣ, бачагони тоҷикзабон, муассисаи томактабӣ, мураббӣ, луғат, захира, ғанигардӣ, машқ, суҳбат, бозӣ, диалог, хондан, гӯш кардан, дарк кардан.