Тозанашр
МАРҲИЛАИ НАВИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ КОМБИНАТОРӢ ДАР ДАРСҲОИ МАТЕМАТИКА
МУАЛЛИФ: Моҳираи Раҳмон, н.и.п., муаллими калони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба яке аз масъалаҳои мубрами раванди таълим бахшида шудааст, ки дар он муаллиф бо таваҷҷуҳ ба усулҳои навтарин ва муосири омӯзиш, ки ба ташаккули тафаккури аз худ намудани масъалаҳои комбинаторӣ таъсир мерасонад, бахшида шудааст. Дар мақолаи мазкур оид ба фаъолнокии хонандагон дар раванди ҳалли масъалаҳои математикӣ маводҳо гирд оварда шудаанд. Барои бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон бештар масъалаҳоеро интихоб намудан лозим аст, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаамон во мехӯранд. Маълум аст, ки дар ҷомеаи муосир аз омӯзиши босуръати илмҳои дақиқ асоси рушди минбаъдаи донишомӯзӣ вобаста мебошад. Ҳавасмандӣ ба илмҳои дақиқ дар байни хонандагон бо усулҳои замонавӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзгорон мебошад, ки бо ёрии мафумҳои асосӣ, формулаҳо ва теоремаҳо ҷорӣ намудан мумкин аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
маҷмуъҳо, якҷояшавии маҷмуъҳо, комбинаторика, масъалаҳои комбинаторӣ, формулаҳо, теоремаҳо, ҷойгиркуниҳо, ҷойивазкуниҳо.