АСОСҲОИ ПЕДАГОГИЮ ПСИХОЛОГИИ ТАШХИС ВА РУШДИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мадумарова М.М.pdf)АСОСҲОИ ПЕДАГОГИЮ ПСИХОЛОГИИ ТАШХИС ВА РУШДИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ АСОСҲОИ ПЕДАГОГИЮ ПСИХОЛОГИИ ТАШХИС ВА РУШДИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ 3

 


МУАЛЛИФ: Мадумарова Мухлиса Мардоновна, муаллими кафедраи табиӣ-риёзӣ ва тарбияи эстетикии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Дар мақола шароитҳои педагогию психологии ташхис ва рушди нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, қонуниятҳои рушди нутқи кӯдакон, мушкилоти вобаста ба нутқ, ки аксар вақт омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва волидайн дучор мешаванд, алоқаи ҷузъҳое ба монанди хотир, нутқ, тафаккур ва оқибатҳои гуногуни ба таври кофӣ рушд наёфтани нутқи хонандагони хурдсол матраҳ гардидаанд. Ҳамзамон, якчанд принсипҳои рушди нутқи хонандагон тавзеҳ дода шуда, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Мақолаи мазкур ба омӯзиши масъалаи ташхиси дурусти сатҳи рушди нутқи хонандагон, таъсири нутқ ба ташаккули соҳаи сенсорӣ, зеҳнӣ, эҳсосӣ ва иродаи кӯдакон, тавъам будани навъҳои нутқ, таҳлили робитаи психофизиологии малакаҳои сухан гуфтан, гӯш кардан ва хондан нигаронида шудааст. Дар мақола ҷанбаҳои педагогӣ ва психологии рушди нутқи кӯдакон шарҳ дода шудаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

нутқ, фаъолияти нутқ, нутқи мураттаб, ихтилоли нутқ, коммуникатсия, нутқи шифоҳӣ, хотира, вайроншавии нутқ, забон, шуур