ИМКОНИЯТҲОИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ САЛОҲИЯТИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ ТАВАССУТИ МАВОДҲОИ МАҲАЛЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоева М.А., Раҳматова Ш.М.pdf)ИМКОНИЯТҲОИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ САЛОҲИЯТИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ ТИМКОНИЯТҲОИ ПЕДАГОГИИ РУШДИ САЛОҲИЯТИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ ТАВАССУТИ МАВОДҲОИ МАҲАЛЛӢ 2

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна, д.и.п., профессор; Раҳматова Шаҳноза Мирзоҷоновна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Дар марҳилаи кунунии рушди таҳсилоти забони хориҷӣ ихтилофот байни ниёзҳои амалияи таълими ғайризабонӣ ва тавсифи номуфассали шароити рушди самараноки салоҳияти муоширатии омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ, инъикоси нокифояи усулҳои самараноки рушди ин салоҳият дар назария ва методикаи муосири тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои олӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, дар мақола кӯшиш карда шудааст, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода шавад: Чӣ гуна шароити педагогӣ ба инкишофи самарабахши салоҳияти муоширатии омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ мусоидат мекунад? Барои истифодаи репродуктивии забон чӣ гуна шароит фароҳам овардан лозим аст, то ки донишҷӯён эҳтиёҷоти табиии худро барои баёни андешаи худ бо забони хориҷӣ  амалӣ созанд? Муаллифон якчанд мисолҳоро аз ташкили раванди таҷрибавии омӯзиши забони хориҷӣ  тавассути маводи маҳаллӣ пешниҳод намуда, ба хулосае омаданд, ки истифодаи маводи маҳаллӣ  дар раванди омода кардани омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ на танҳо ба рушди салоҳияти муоширатии онҳо, балки ба ташаккули маърифати фарҳангиашон низ мусоидат мекунад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

омӯзгори ояндаи забони хориҷӣ, таълими касбӣ дар донишгоҳ, салоҳияти муоширатӣ, имкониятҳои педагогӣ, шароити педагогӣ, маводи маҳаллӣ.