ИТТИЛООТКУНОНИИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ ҲАМЧУН МУАММОИ ПЕДАГОГӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарифзода А.А.pdf)ИТТИЛООТКУНОНИИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ ҲАМЧУН МУАММОИ ПЕДАГОГӢИТТИЛООТКУНОНИИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ ҲАМЧУН МУАММОИ ПЕДАГОГӢ4

 


МУАЛЛИФ: Шарифзода Абдураҳмон Азиз, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

 

Дар мақола баъзе масъалаҳои назариявии иттилооткунонии таҳсилот баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки технологикунонии раванди маърифатӣ дар он ҳолат ба вуқӯъ меояд, ки инсоният дар умум аз истеҳсоли дастӣ ба истеҳсоли оммавии маводҳои моддӣ ва маънавӣ мегузарад. Қобили қайд аст, ки дар адабиёти муосири Ғарб барои ифода намудани технология кадоме дар низоми маориф маъмул аст, мафҳуми «an educational technology» истифода бурда мешавад, ки дар тарҷума ба забони русӣ он ба маънои «технологияи таҳсилот» мутаносиб аст. Хулоса мешавад, ки татбиқи технологияи иттилоотии таълим тамоми ҷабҳаҳои раванди таълимро тағйир медиҳад, принсипҳои таълими анъанавӣ мундариҷаи навро соҳиб шуда, маънидоди он, ҳатто низоми он сабаби ба давраи кибернетизация ворид шудани педагогика васеъ гардида, аз омӯзгорон омодагиро ба шароити нав тақозо мекунад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 

иттилооткунонии таҳсилот, технология, раванди таълим, технологикунонии таълим, фаъолияти маърифатӣ, муносибати технологӣ, технологияи педагогӣ, омодагии касбӣ