Тозанашр
МЕТОДИКАИ ТАШКИЛИ ДАРСҲОИ ВЕБИНАР ВА ФОРУМ БО ИСТИФОДА АЗ ВОСИТАҲОИ РАҚАМӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Назира Иномҷоновна, номзади илмҳои таърихи ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд; Исомаддинова Раънохон Мирзоҳамдамовна, номзади илмҳои физика – математикам ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақсади асосии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти таълимии донишҷӯён тавассути истифодаи воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон тавассути ташкили системаи идоракунии таълим ва худомӯзии донишҷӯён мебошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таҳсилоти фосилавӣ ва ҷорӣ намудани онлайн-таҳсилот, ворид шудани шакли нави таълим ба монанди вебинар ва форумҳо фаъолияти омӯзгорро ба мушкилиҳо дучор намуд, ки он бо тарзи гузаронидани дарсҳо тариқи онлайн, набудани малака, усулҳои ташкили дарс вобаста аз намуди машғулиятҳо дар онлайн-формат, маводҳои методӣ бо назардошти хусусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ вобаста мебошад. Дар ин вазъият зарурияти пайдо намудани иртибот дар низоми омӯзгор-донишҷӯ, апробатсияи технологияҳои нави педагогӣ ба миён омад. Дар мақола муфассал оид ба методикаи ташкил ва гузаронидани дарсҳои фосилавӣ ба намуди вебинар ва форумҳо дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тавсиф карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таҳсилоти фосилавӣ, вебинар, форум, асбоби рақамӣ, технологияҳои интерактивӣ, таҳсилоти синхронӣ, таҳсилоти асинхронӣ, таҳсилоти омехта