ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Набизода Ваҳҳоб Машраб.pdf)ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢИШТИРОКИ САНЪАТКОРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ1

 


МУАЛЛИФ: Набизода Ваҳҳоб Машраб, д.и.т, профессор; Мамадқулова Фарзона Фурқатовна докторанти PhD МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола иштироки санъаткорони ҷавони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон бар асоси маводи муътамад иштироки санъаткорони ҷавони тоҷикро дар озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалии «Азия дауси», «Ситораи саҳарӣ», «Умеди Аврупо», «Панҷ ситораи интервидение», «Донак» ва дигарҳо мавриди таҳлил қарор додаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба муваффақиятҳои санъаткорони ҷавон Шӯҳрат Ашӯров, Кимиё Ҷӯраева, Азалия Галиахметова, Парвина Шукруллоева, Миҷгона Ҳакимова, Муҳрнигори Рустам, Шоҳрух Юнусов, Таҳмина Ниёзова ва дигарон нигаронида шудааст. Тазаккур меравад, ки мавқеи муҳимро дар мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона кинематографистони ҷавони тоҷик ишғол менамоянд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

сафарҳои эҷодӣ, озмунҳои байналмилалӣ, Азия дауси, Ситораи саҳарӣ, Умеди Аврупо, панҷ ситораи интервидения, фестивали «Донак», кинофестивал