Тозанашр
ТАРИХНИГОРИИ ДАВРАИ ШУРАВӢ ОИДИ ТАЪРИХИ ХОНИГАРИИ ҚӮҚАНД
МУАЛЛИФ: Набизода Мирзотоҳир Сайфидин, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи умумӣ МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола тарихнигории таърихи хонигарии Қӯқанд дар давраи шӯравӣ тадқиқ карда мешавад. Ин давраи мураккаб ва ба ҳам зид мебошад. Дар як давра дар ҷараёни тадқиқи воқеаҳои таърихӣ он гуногун баҳогузорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, то аввали солҳои 50-уми асри ХХ, оиди ҳаракати Русияи подшоҳӣ ҳамчун ғосибгар ва забткор қайд мегардад. Аз нимаи дуюми солҳо 50-уми асри ХХ сохтакории маълумотҳои таърихӣ оғоз гардид. Аз охири солҳои 80-ум муарихон Х.Н. Бабабеков, Х.З. Зияев аз нав тадқиқи воқеъаҳоро объективона оғоз карданд. Дар тадқиқоти худ ҳаракат кардем хидмати олимони Русияи шуравӣ ва Осиёи Миёнаро нишон диҳем. Айнан дар ҳамин давр, тадқиқи илмии таҷикон ва халқиятҳои Осиёи Марказӣ дар таркиби хонигарии Қӯқанд оғоз ёфт. Ҳамин тавр тадқиқотҳо вуҷуд дошт, ки олимон ба услуби таърих такя намуда, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷамъиятро объективона нишон диҳанд. Бо ақидаи тарғибарони шӯравӣ, ҷамъият танҳо дар давраи сотсиалистӣ инкишоф ёфтааст. Дар ин давра олимони зерин асарҳо офарида, тадқиқотҳои бузург карданд: П.П. Иванов, Н.А. Халфин, Р.Н. Набиев, Г.А. Хидоятов, Х.Н. Бабабеков, А. Ходжаев, К.Ф. Шамсиев, Л.А. Тоиская, К. Усунбаев, А.Х. Хасанов, В.М. Плоских.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
инкишофи илми таърих, тадқиқи хонигарии Қӯқанд, машҳуртарин олимони даврони шӯравӣ, П.П. Иванов, Н.А. Халфин, Р.Н. Набиев, Г.А. Хидоятов, Х.Н. Бобобеков, А. Ходҷаев, К.Ф. Шамсиев, Л.А. Тоитская, К. Усунбоев, А.Х. Ҳасанов, В.М. Плоских, хидмати онҳо дар тадқиқи хонигарӣ.