ИНДУСТРИЯИ МАВОДИ ҒИЗОӢ, ЗАХИРА ВА ТАШКИЛИ СОҲАИ ТАЪМИНОТИ ҒИЗОИИ САЙЁҲОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сангинов Мирзосодиқ Маҳмадшафиевич.pdf)ИНДУСТРИЯИ МАВОДИ ҒИЗОӢ, ЗАХИРА ВА ТАШКИЛИ СОҲАИ ТАЪМИНОТИ ҒИЗОИИ САЙЁҲОН ДАР ҶУИНДУСТРИЯИ МАВОДИ ҒИЗОӢ, ЗАХИРА ВА ТАШКИЛИ СОҲАИ ТАЪМИНОТИ ҒИЗОИИ САЙЁҲОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1

 


МУАЛЛИФ: Сангинов Мирзосодиқ Маҳмадшафиевич, унвонҷӯи кафедраи географияи табиии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои соҳаи таъминоти ғизоии сайёҳон баррасӣ карда шуда, таснифоти муассисавӣ, намуди моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, усули хизматасонӣ, дараҷанокӣ, номгӯи ғизо, реҷаи хизматгузорӣ ва дигар масоили марбут ба сайёҳӣ қайд карда шудаанд. Муайян карда шудааст, ки дар самти таъминоти ғизоии сайёҳон муҳайё намудани шароити мусоид барои хӯрокхӯрӣ мавқеи ҳалкунанда дошта, интихоби намуди таъом бештар ба анъанаҳои миллии макони сайёҳӣ такя менамояд. Дар натиҷаи таҳлили захираҳои маҳаллӣ имконияти такомули таъминоти сайёҳон бо ғизои хушсифати мувофиқ ба диду табъи онҳо ошкор карда шуда, ҷабҳаҳои тадбиқи имкониятҳо муҳокима мегарданд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

хизматрасонӣ, муассисаҳои ғизо, шаклҳои хизматрасонӣ, ғизонома ва намудҳои он, сайёҳии хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, навъҳои ташкили ғизо, намудҳои химатрасонӣ, нишонаҳои байналмилалии ташкили ғизо, раванди такомули ташкили ғизо.