Тозанашр
ШАКЛҲОИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА РОБИТАҲОИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ: Иброҳимов Эркинҷон Ҳасанович, дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Робитаҳои бурунмарзӣ яке аз воситаҳои то меъёри муайян паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ гардида, ба суръати инкишофи илму техника мусоидат мекунад.Тоҷикистон комплекси ягонаи хоҷагии халқ буда, вазъи иҷтимоию иқтисодии он ба тараққиёти иқтисодии давлатҳои дигар зич алоқаманд аст. Баробари афзудани иқтидори иқтисодӣ ва ба мамлакати серсоҳаи саноаташ пешрафта табдил ёфтани Тоҷикистон иштироки он дар тақсимоти байналмилалии меҳнат зиёд шуд. Маҳсулоти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ сол аз сол меафзояд. Дар даҳсолаи охир иқтисоддонони дунё ҳарчи бештар ба арзёбии нерӯи инсонӣ дар рушди иқтисод таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Нигоҳи муосир ба рушди рӯзафзуни ҷамъият инсонро дар маркази диққати на танҳо соҳаи маънавии ҳаёти одамон, балки дар гардиши робитаҳои такрористеҳсолӣ низ мегузорад, ки мазмуни он рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
бозори ҷаҳонӣ, фаъолияти иқтисодӣ, созишномаҳои дуҷониба, маълумоти оморӣ, стратегияи миллии, рушди иқтисодӣ, сармоягузориҳои хориҷии.