МОҲИЯТИ ИНФРАСОХТОРИ МОЛИЯВӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЙГОҲИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоҷонов Бобоҷон Зоҳирҷонович.pdf)МОҲИЯТИ ИНФРАСОХТОРИ МОЛИЯВӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЙГОҲИ ИНВЕСТИТСИОНӢМОҲИЯТИ ИНФРАСОХТОРИ МОЛИЯВӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЙГОҲИ ИНВЕСТИТСИОНӢ1

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонов Бобоҷон Зоҳирҷонович,  докторанти (PhD) кафедраи иҷтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола ҷойгоҳ ва мақоми инфрасохтори молиявии муосир дар ташаккул ва таҳкими неруи инвеститсионии минтақаҳо ва мамлакат, самараноксозии истифодаи селаҳо ва захираҳои молиявӣ ва дар ниҳоят таъмини тараққиёти иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо дар алоҳидагӣ ва мамлакат дар маҷмуъ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Диққати асосӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои марбути мавзуъ, ба муайян кардани моҳияти инфрасохтори молиявӣ чун ҷузъи марказии низоми молиявии мамлакат, тавсифи истилоҳи илмии инфрасохтори молиявӣ ва нақши он дар таъмини нишондиҳандаҳои баланди молиявию иқтисодӣ равона карда шудааст. Ҳини баррасии масъалаҳои марказии мақола, ба муаллиф муяссар гаштааст, ки ба проблемаҳои муосири ташаккул ва рушди инфрасохтори молиявӣ дар иқтисодиёти миллӣ назари таҳлилӣ дӯхта, самтҳои асосии рушду такомули онро бо назардошти талаботи муҳити рақамии низоми молиявии муосир пешниҳод намояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

инфрасохтори молиявӣ, низоми молиявӣ, раванди инвеститсионӣ, биржаи фондӣ, инфрасохтори бозори молиявӣ, технологияҳои молиявӣ.