Тозанашр
ТАБИАТИ ПАЙДОШАВИИ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН ВА АРСЕН ДАР ЗАРРАҲОИ АЭРОЗОЛ ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ (ДЕВАШТИЧ, СПИТАМЕН, ИСТИҚЛОЛ ВА АШТ)
МУАЛЛИФ: Абдуллозода Сабур Фузайл, д.и.физ.-мат., профессор, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе), Раҳматзода Муҳаммади Нуридин (Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович), н.и.физ.-мат., дотсенти кафедраи фанҳои тахассусӣ МҒД «Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ» (муштарак),Нурматзода Давлат Ҳамрали (Нурматов Давлатҷон Ҳамралиевич), докторант курси 3-юми факултети физикаю техника МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Ҷумҳурии Тоҷикистон,Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар натиҷаҳои аввалини таҳқиқоти таркиби унсурии аэрозоли атмосфераи Тоҷикистони Шимолӣ бо истифода аз усули мас-спектрометрияи индуктивии бо плазма робитадошта дар баъзе намунаҳои таҳқиқшуда қиматҳои баланди унсурҳо ошкор карда шуд. Мо дар намунаҳои омӯхташуда омилҳои ғанигардонии металлҳои вазнин ва арсенро ҳисоб намудем. Таҳлили ҳисоби коэффисиенти ғанийгардонӣ дар намунаҳои таҳқиқшуда нишон медиҳад, ки дар таркиби зарраҳои аэрозол дар минтақаҳои таҳқиқшуда унсурҳои зерини манбаи пайдоиши техногениро доранд: Pb, As, Zn, Cd, Bi ва Sb. Қиматҳои миёнаи EF барои Be, Tl, Co, Ni, Cr, Rb, Mo, Li ва Ba дар ҳама намунаҳои зарраҳои аэрозол дар ҳудуди як мебошанд, яъне намунаҳои аэрозол бо ин унсурҳо ғанӣ нестанд; ин аз он шаҳодат медиҳад, ки манбаъҳои унсурҳои зикршуда маҳаллӣ мебошанд. Манбаи асосии ифлосшавии аэрозолҳо дар қаламрави Тоҷикистони Шимолӣ партовҳои саноати сохтмон, воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти хоҷагии халқ, металлҳои вазнин ва арсен дар таркиби зарраҳои техногенӣ мавҷудбуда, ки тавассути сели ҳаракати массаи ҳаво ба масофаи дур интиқол дода мешаванд, мебошанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таркиби унсурӣ, металлҳои вазнин, арсен, зарраҳои аэрозол, омили ғанигардонӣ, Тоҷикистони Шимолӣ, масс-спектрометрияи индуктивӣ бо плазма робитадошта, Деваштич, Спитамен, Истиқлол ва Ашт.