Тозанашр
СОХТОРҲОИ КОГЕРЕНТИИ МУОДИЛАИ ВЕКТОРИИ ҒАЙРИХАТТИИ ШРЁДИНГЕР БО ПОТЕНСИАЛИ ХУДМУХТОР
МУАЛЛИФ: Мухсинов Едгор Мирзоевич, д.и.физ.-мат., дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Муҳамедова Шоира Файзуллоевна, н.и.физ.-мат., дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Бо ерии моделиронии ададӣ солитонҳои диссипативӣ дар доираи муодилаи вектории ғайрихатти Шрёдингер (системаи ду муодила) бо потенсиали худмухтори бо назардошти хомӯшшавӣ ва дамкунӣ ба даст оварда шуданд. Таҳлили динамикаи ҳалли бисерсолитонӣ нишон дод, ки система дар ин шароит динамикаи ба солитон монандро бо дараҷаи баланди устуворӣ зоҳир менамояд. Интегралҳои ҳаракат дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шуда, энергияи алоқаи ҷузъҳо бо 13% арзебӣ мешавад. Масирҳои фазагӣ соҳаи маҳдуди фазои фазагиро зич ишғол намуда, дар ташаккули сохтори когерентӣ - и устувор аҳамияти хосаро маълум мекунад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҳалли бисёрсолитонӣ, дамкунӣ, диссипатсия, муодилаи вектории ғайрихаттии Шрёдингер, бризер, солитони диссипативӣ, аттрактори аҷоиб, сохтори когерентӣ.