Тозанашр
ДИНАМИКАИ МАВҶИИ НЕЙТРОНҲО ДАР ПОТЕНСИАЛҲОИ СОЛИТОНӢ: АЗ МАГНЕТИКҲО ТО СИСТЕМАҲОИ ҒАЙРИХАТТӢ
МУАЛЛИФ: Фарҳод Раҳимӣ Қодир, Академики АМИ Тоҷикистон, д.и.ф.-м., профессор, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Имом Мираҳмади Шарофиддин, мудири Маркази байналмилалии тадқиқотҳои ядроии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИ Тоҷикистон; Одинаев Субҳонҷон Фатҳуллоевич, ходими илмии Маркази байналмилалии тадқиқотҳои ядроии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИ Тоҷикистон;Пирзода Баҳодур Гулмаҳмад, ассистенти кафедраи математика – физикаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола таҳқиқоти ҳамаҷонибаи инъикоси нейтронҳо аз намудҳои гуногуни потенсиалҳои солитонӣ, аз ҷумла солитонҳои спинӣ дар магнетикҳои Гейзенберг, инчунин масъалаи потенсиалҳои Яджима-Ойкава ва Нишикава пешниҳод карда мешавад. Ба таври махсус ба таъсири симметрия ва асимметрия дар потенсиалҳо ба хусусиятҳои ҳамкории онҳо, ташаккули нақшҳои интерференсионӣ ва туннелкунии квантӣ диққати хоса дода шудааст. Таҳлили гузаронидашуда имкон медиҳад, ки қонуниятҳои асосии динамикаи мавҷҳои нейтронӣ дар сохторҳои потенсиалии маҳдуд муайян карда шаванд. Натиҷаҳои бадастомада дорои аҳамияти амалӣ барои ташхиси маводҳо, моделсозии равандҳои ғайрихаттӣ дар плазма ва таҳияи усулҳои идоракунии квантӣ мебошанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Нейтронҳо, солитонҳо, потенсиали Нишикава, потенсиали Яджима-Ойкава, муодилаи ғайрихаттии Шрёдингер, туннелкунии квантӣ.