МЕТОДИ МУАЙЯНКУНӢ ВА МОДЕЛИ ТАШАККУЛИ ВАЗИФАҲОИ ИДОРАКУНИИ СУБЪЕКТИ ИДОРАКУНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳусейнова Мавзуна Ворисҷоновна.pdf)МЕТОДИ МУАЙЯНКУНӢ ВА МОДЕЛИ ТАШАККУЛИ ВАЗИФАҲОИ ИДОРАКУНИИ СУБЪЕКТИ ИДОРАКУНӢМЕТОДИ МУАЙЯНКУНӢ ВА МОДЕЛИ ТАШАККУЛИ ВАЗИФАҲОИ ИДОРАКУНИИ СУБЪЕКТИ ИДОРАКУНӢ1

 


МУАЛЛИФ: Қодиров Абдураҳмон Лакимович, д.и.и., профессори кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг; Раҳимов Абдулатиф Маҷидович, д.и.и., профессори кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» МДТ “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон”Абдуллозода Дилором Хуршедовна,н.и.и., дотсенти кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит» МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ масъалаҳои марбут ба ташкил ва идоракунии самарабахши иқтисодиёти минтақавиро баррасӣ менамояд. Вазифаи муҳимми имрӯза фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баланд кардани шиддатнокии афзоиши иқтисодӣ ва мутаносибан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, ки дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ меистад. Мақола ба ҳалли вазифаи мазкур бахшида шудааст, ки зарурияти сохторсозии дастгоҳҳои зинаҳои гуногуни идоракуниро пешниҳод мекунад. Ҳангоми тағйирот дар сохтори идоракунии иқтисодиёт, ҳам дар кишвар ва ҳам дар минтақаҳо эҳтиёҷ ба шакли яклухт, аз ҷиҳати сохтор ба иҷтимоиёт нигаронидаи ташкили идоракунии иқтисодиёти минтақа ба миён меояд, ки тағйироти низомҳои ҳам иқтисодӣ ва ҳам ҷамъиятиро ба ҳисоб гирифта бошад. Масъалаи идоракунии вазъияти иқтисодиро таҳлил намуда, тариқи баррасии ҳаматарафаи фаъолияти мақомоти идоракунӣ ба беҳтар кардани шароити дохилии амалкарди минбаъдаи минтақа таваҷҷуҳ бояд кард.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

метод, сохтори ташкилии идоракунӣ, субъекти идоракунӣ, вазифаҳои идоракунӣ, модели муайян кардани вазифаи идоракунӣ.