Тозанашр
ОИД БА МАСЪАЛАИ ТАЪМИНИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ВИЛОЯТ: ҶАНБАИ НАЗАРИЯВӢ
МУАЛЛИФ: Юнусова Мадина Илҳомҷоновна, докторанти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола асосҳои назариявии рушди инноватсионии минтақа баррасӣ мешавад. Мушкилоти тафсири истилоҳи «рушди инноватсионии минтақа» нишон дода шудааст. Дар асоси таҳлили асарҳои илмӣ ва қонунгузории амалкунанда тафсири муаллиф дар асоси фаҳми истилоҳи асосии «рушди инноватсионӣ» дода шудааст. Консепсияи рушди инноватсионии минтақа пешниҳод шудааст, ки дар асоси ин пешниҳод инноватсияҳо бояд стратегияҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бехатарии экологиро мутобиқ созанд ва ба ин васила ба ҳадафи рушди устувори кишвар оварда расонанд. Масъалаи тафсири истилоҳи «дастгирии захиравӣ» барои рушди инноватсионӣ нишон дода шудааст. Тафсири муаллиф оиди мафҳуми «дастгирии захиравӣ» дода шуда, унсурҳои асосии он таъкид шудаанд: дастгирии меъёрӣ ва инфрасохторӣ.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҷаҳонишавӣ, рушди инноватсионии минтақа, рушди стратегӣ, иқтисодиёт, инноватсия, рушди инноватсионӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини захираҳо, рушди устувор.