ВАҚТИ ХОЛӢ ҲАМЧУН МЕЪЁРИ МУҲИМТАРИНИ СИФАТИ ЗИНДАГӢ: АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ ПУРСИШИ СОТСИОЛОГӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сайдуллоева Дилором Каримовна.pdf)ВАҚТИ ХОЛӢ ҲАМЧУН МЕЪЁРИ МУҲИМТАРИНИ СИФАТИ ЗИНДАГӢ: АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ ПУРСИШИ СОВАҚТИ ХОЛӢ ҲАМЧУН МЕЪЁРИ МУҲИМТАРИНИ СИФАТИ ЗИНДАГӢ: АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ ПУРСИШИ СОТСИОЛОГӢ3

 


МУАЛЛИФ: Сайдуллоева Дилором Каримовна, н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг; Сайдуллоева Меҳрангез Ҳакимхоновна, докторанти курси 2 ихтисоси 08.00.09-Методҳои математикӣ ва афзорӣ (инструменталӣ) дар иқтисодиёти МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Одами муосир маҷбур аст, ки дар муҳити зудтағйирёбанда зиндагӣ кунад. Зарурати мутобиқсозии доимӣ ба фишори ҷисмонӣ ва руҳӣ оварда мерасонад, ки аҳаммияти истироҳат ва ташкили онро баланд мебардорад. Таркиб ва сохтори вақти холии одамон яке аз нишондиҳандаҳои сифати зиндагӣ ва нишондиҳандаи муҳимми сатҳи умумифарҳангии аҳолии кишвар мебошад. Дар ин мақола натиҷаҳои пурсише, ки дар қаламрави шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади арзёбии таркиб ва сохтори машғулиятҳои фароғатии сокинони ду гурӯҳи синну сол: ҷавонон ва калонсолон гузаронида шудааст, оварда шудааст. Мушкилоти ошкоршуда таваҷҷуҳи ҷиддии мақомотро талаб мекунанд, зеро нодида гирифтани онҳо метавонад ба оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

эҳтиёҷоти инсон, ҷавонон, одамони калонсол, сарвати моддӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, истироҳати фаъол, тарзи ҳаёти солим, қудрат, сифати зиндагӣ.