СИЁСАТИ КЛАСТЕРИИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДАИ МИНТАҚА: НИГОҲҲОИ НАЗАРИЯВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Косимов Зуфар Алиевич.pdf)СИЁСАТИ КЛАСТЕРИИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДАИ МИНТАҚА: НИГОҲҲОИ НАЗАРИЯВӢСИЁСАТИ КЛАСТЕРИИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДАИ МИНТАҚА: НИГОҲҲОИ НАЗАРИЯВӢ2

 


МУАЛЛИФ: Қосимов Зуфар Алиевич, докторанти (PhD) курси 3-и ихтисоси 6D050602 – иқтисодиёти минтақаи ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи оҳият ва аҳаммияти воридотивазкунӣ ва сиёсати воридотивазкунӣ равшан карда шудааст. Хусусиятҳои татбиқи сиёсати воридотивазкунӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, афзалиятҳо ва нуқсонҳои онҳо муайян карда шудаанд. Қайд карда мешавад, ки дар кишварҳои рӯ ба инкишоф овардаистода, бахусус дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон модели хос ва шароити махсуси пешбурди хоҷагидорӣ ташаккул ёфтааст, ки таҳияи модели мувофиқи ташкили фаъолияти хоҷагидориро дар минтақа талаб мекунад. Муайян карда шудааст, ки воридотивазкунӣ ҳамчун омили таъминкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии иқтисоди миллӣ имкон медиҳад, ки захираҳои мавҷуда барои баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ самаранок истифода шуда, инчунин, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти давлат ба захираҳои молиявӣ ҳамчун замина, хизмат мекунад. Аз ин рӯ, дар шароити муосир зарурати таҳия ва татбиқи сиёсати мувофиқи кластерии воридотивазкунанда ба миён меояд. Сиёсати кластерии воридотивазкунанда яке аз усулҳо ва равишҳое мебошад, ки гузариши ҳамаҷониба ба модели ба содирот нигаронидашудаи стратегияи иқтисодии хориҷии кишвар ва минтақаҳои онро таъмин менамояд. Дар асоси ин, муаллиф дар мақола дастгоҳи консептуалии ин категорияи иқтисодиро пайравӣ менамояд, ки тибқи он: сиёсати кластерии воридотивазкунанда – маҷмуи тадбирҳои давлатӣ оид ба оптимизатсияи ташаккул ва ҷойгиркунии мақсадноки кластерҳо, ки ба истифодаи технологияҳои инноватсионии истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ нигаронида шудаанд, ки дар оянда такони ташаккул ва инкишофи соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии халқ гардида, ба таъмини минтақаҳои ба содирот нигаронидашуда мусоидат хоҳад кард.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

воридотивазкунӣ, сиёсати воридотивазкунанда, кластер, сиёсати кластерӣ, минтақа, иқтисоди минтақавӣ, модели иқтисодии ба содирот нигаронидашуда.