Тозанашр
ХУСУСИЯТҲОИ ПАЙДОИШ, ТАШАККУЛ ВА ФУНКСИЯҲОИ ГЕОЭКОЛОГИИ МОНЕАҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ ДАР МАҲАЛИ ИСТИХРОҶИ НАМАКИ ОШИИ НОҲИЯИ АШТ
МУАЛЛИФ: Нурматов Шодмон Шукронҷонович, ассистенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ «ДДX бa номи aкaд. Б.Ғaфуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола хусусиятҳои монеаҳои геохимиявӣ дар заминаи таснифоти академик А.И.Перелман баррасӣ гардида, алоқамандии онҳо бо функсияҳои геоэкологии маҳалли истихроҷи намаки ошии ноҳияи Ашт таҳқиқ карда мешавад. Ошкор мегардад, ки вобаста ба ҷараёни пайдоиш ва ташаккули монеаҳои геохимиявӣ функсияҳои геоэкологии онҳо гуногун буда, ҷараёнҳои дигари табиати маҳал ба он таъсири кулл мерасонад. Таъсири ҷараёнҳои техногенӣ ба монеаҳо, аз ҷумла муҳоҷирати моддаҳо дар қишри замин, ба тағйирёбии функсияҳои геоэкологии маҳал ва ғайра мусоидат мекунад. Дар натиҷа эҳтимолияти ба вуҷуд омадани монеаҳои техногенӣ – табиӣ ва ҳам биогеохимиявӣ имконпазир мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
монеаи геохимиявӣ, ташаккули монеаи геохимиявӣ, монеаи биогеохимиявӣ, таснифоти монеаҳо, монеаи техногенӣ, монеаи техногенӣ – табиӣ, функсияҳои геоэкологӣ.