Тозанашр
ОБСАБЗҲОИ САБЗ-CHLOROPHYTA ҲАВЗАИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН
МУАЛЛИФ: Мирсабуров Шавкатҷон Мираҳматович, омӯзгори кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола маълумотҳо оид ба бозёфтҳои нави обсабзҳои сабз (Chlorophyta) дар дарёи Зарафшон оварда шудааст. Обсабзҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон ва намудҳои индикатории обсабзҳои сабз қаблан омӯхта нашудааст. Ҳамагӣ 43 намуд ва зернамуди обсабзҳои сабз, ки ба 3 синф, 9 тартиб, 17 оила ва 19 авлод мутааллиқанд, дарёфт гардиданд. Аз намудҳои муайяншудаи обсабзҳои сабз 8 намуд ба нишондиҳандаи дараҷаи ифлосии об дохил мешаванд. Аз ҷиҳати гуногуннамудӣ намудҳоии Ankistrodesmus acicleris Korsch., Coelastrum microporum Näg., Cladophora glomerata (L.) Kütz., Draparnaldia glomerata (Vauch.) Ag., Oedogonium capillare (L.) Kütz., Stigeoclonium tenue (Ag.) Kütz., Scenedesmus acuminatus (Lagerh) Chod., Ulothrix zonata (Weber et Mohr) Kütz. доминантӣ мекунанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
обсабзҳои сабз, гуногуннамудӣ, алгофлора, дарёи Зарафшон.