УСУЛҲОИ БАРҚАРОРКУНИИ ҶУЗЪИЁТИ МОШИН ВА АБЗОРҲОИ БУРАНДА ТАРИҚИ РӮЙПӮШНАМОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Қобилов Валӣ Абдураҳимович.pdf)УСУЛҲОИ БАРҚАРОРКУНИИ ҶУЗЪИЁТИ МОШИН ВА АБЗОРҲОИ БУРАНДА ТАРИҚИ РӮЙПӮШНАМОӢУСУЛҲОИ БАРҚАРОРКУНИИ ҶУЗЪИЁТИ МОШИН ВА АБЗОРҲОИ БУРАНДА ТАРИҚИ РӮЙПӮШНАМОӢ1

 


МУАЛЛИФ: Қобилов Валӣ Абдураҳимович, дотсент; Ҳоҷибоев Домлоҷон Дадоҷонович, муаллими калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии Донишкадаи металлургияи Тоҷикистон (Тоҷикистон, Бӯстон)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои бақарорнамоии ҷузъиёти мошин ва механизмҳо, ки дар раванди соишхӯрӣ бо қисмҳо ва муҳлати зиёд кор кардан фарсуда ё корношоям мегарданд. Аз ин ҷиҳат барқарорсозии ҷузъиёт ва абзорҳои буранда нисбатан аз нав омода кардан мақсаднок мебошад. Барои барқарорнамоии ҳамаи намуди ҷузъиёт усулҳои гуногуни барқарорнамоӣ ҷой дорад. Дар ин мақола усулҳои нисбатан самараноки барқарорнамоӣ пешниҳод мегардад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

барқарорнамоии ҷузъиёти мошин, рӯйпӯшнамоӣ, хромпӯшонӣ, деформатсияи пластикӣ, соишхӯрӣ, электролит, андудан, легиронидан, масолеҳи хокавӣ, бо карбон бойгардонӣ, азотиронӣ, фарсудаустуворӣ, сифат.