Тозанашр
КОНСЕНТРАТСИЯИ УНСУРҲОИ НОДИРЗАМИНӢ (La, Ce, Pr, Nd, Sm и Eu) ДАР ХОКИ ҚИСМИ ҶАНУБУ ШАРҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД
МУАЛЛИФ: Раҳматзода Муҳаммадӣ Нуридин (Раҳматов Муҳамадӣ Нуридинович), н.и.ф.-м., дотсент; Исмоилов Комрон Алишерович, унвонҷӯи кафедра; Умаров Насимҷон Негматович, н.и.ф.-м., мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқот, маълумотҳои аслии ба даст омадашуда оид ба консентратсия ва паҳншавии унсурҳои нодирзаминӣ дар хоки қисми ҷанубу шарқии вилояти Суғд оварда шудаанд. Консентратсияи унсурҳои нодирзаминӣ бо истифода аз усули масс-спектрометрии индуктивӣ ба плазма робитадоштаи ҳассосияташ баланд муайян карда шуд. Ҳамагӣ 30-то намуна ҷамъоварӣ ва таҳлил карда шуданд. Хусусияти захирашавии унсурҳои нодирзаминӣ вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ ошкор карда шуданд. Консентратсияи миёнаи унсурҳои нодирзаминии таҳқиқшуда дар доираи нишондоди Кларк ва аз он камтар воқеъ мебошад. Тағйирёбии консентратсияи унсурҳои нодирзаминӣ дар хоки қисми ҷанубу шарқии вилояти Суғд дар фосилаҳои кам ба назар мерасад. Дар ин ҳол, дар минтақаҳои таҳқиқотӣ паҳншавии унсурҳои нодирзаминӣ якхела аст (2,44−9,72%). Паҳншавиии ҳамаи унсурҳои нодирзаминии омӯхташуда аз ҷиҳати асимметрия ва эксесс наздик мебошанд, бинобар ҳамин барои баъзе элементҳо ба мушоҳида расид. Аз ҷониби мо робитаи коррелятсионии назаррас дар байни консентратсияи унсурҳои таҳлилшуда дар намунаҳои хок Ce ва La (r = 0,98), Pr ва La (r = 0,97), Pr ва Ce (r = 0,95), Nd ва La (r = 0,94), Nd ва Ce (r = 0,91), Nd ва Pr (r = 0,99), ки манбаъи пайдоиши литогениии унсурҳоро нишон медиҳад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
хок, элементҳои нодирзаминӣ, усули масс-спектрометрияи индуктивии бо плазма робитадошта, таҳлили оморӣ, омили ғанишавӣ, таҳлили коррелятсионӣ.