Тозанашр
ТАДҚИҚИ РАВАНДИ ГАРМИГУЗАРОНӢ БО ТАҚСИМОТИ ҲАРОРАТ ДАР ДОХИЛИ ҶИСМҲОИ САХТ
МУАЛЛИФ: Маҳмудова Нигора Носировна, н.и.п., дотсенти кафедраи электроникаи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур ба омӯзиши тадқиқи ҳодисаи гармигузаронӣ дар ҷисмҳои сахт нигаронида шудааст, ки ин раванди паҳншавии энергияи гармӣ, ҳангоми бевосита расидани қисмҳои алоҳидаи ҷисми ҳароратҳои гуногун дошта мебошад.
Дар табиат ва техника равандҳои элементарии паҳншавии гармӣ (гармигузаронӣ, конвексия ва нурбарории гармӣ) одатан бисёр вақт ҳамҷоя ба амал меоянд. Конвексия танҳо дар муҳити ҷоришаванда мумкин аст, конвексияи ҳарорат ин раванди гузаронидани энергияи гармӣ ҳангоми ҷойивазкунии ҳаҷми моеъ ё газ аз ҳудуди як ҳарорат дошта ба дигараш мебошад. Дар ин вақт гузаронидани гармӣ бевосита бо гузаронидани худи муҳит алоқаманд аст. Гармигузаронӣ ба намуди пуррааш бисёр вақт дар ҷисмҳои сахт (минералҳо) ба амал меояд. Конвексияи гармӣ ҳама вақт бо гармигузаронӣ ба амал бароварда мешавад, зеро ҳангоми ҳаракати моеъ ё газ қисмҳои алоҳидаи он, ки ҳароратҳои гуногун доранд, ба ҳамдигар мерасанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
газ, гармигузаронӣ, конвексия, муҳит, моеъ, ҳодиса, ҳарорат, ҷисм.