Тозанашр
УСУЛҲОИ КОРБУРДИ ОЁТҲОИ ҚУРЪОНӢ ВА АҲОДИСИ НАБАВӢ ДАР АШЪОРИ “МИРСОД – УЛ - ИБОД”- И НАҶМУДДИНИ РОЗӢ
МУАЛЛИФ: Содиқова Рухангез Абдусамадовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур усулҳои корбурди оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дар “Мирсод – ул - ибод”- и Наҷмуддини Розиро дар бар мегирад. Таҳқиқоти илмӣ дар хусуси омӯзиши ҳамаҷонибаи осори Наҷмиддини Розӣ нигаронида шуда, хусусиятҳои истифодабарии оёту аҳодис ва сухансанҷии “Мирсод-ул-ибод”-и Наҷмиддини Розӣ баррасӣ гардидааст. Дар мақола перомуни муайян кардани корбурди оёту аҳодис ва тарзи нигориши “Мирсод-ул-ибод”-и Наҷмиддини Розӣ, батафсил аз тарафи муаллиф таҳлил гардидаанд. Мусаллам аст, ки Қуръон ва оёти муборакаи он мўъҷизаи ҷовидонист ва нузули он барои мардуми растагор ба манзалаи зикр ва ибодат аст, ки батадриҷ ононро то мулоқоти Худо мебарад. Хулоса карда шудааст, ки дар рисолаи “Мирсод-ул-ибод”-и Наҷмиддини Розӣ донишмандон ва шоирон низ аз азамату бузургии Қуръон сухан ба миён овардаанд, ки ба таври муфассал баён гардидааст. Дар ин китоб миқдори бисёре аз ҳадисҳои набавӣ чӣ дар оғози фасл ва чӣ дар матн бо гувоҳӣ омада ва қатъи назар аз муқаррароти камобеш 260 ҳадис дар он зикр ва шарҳу тарҷума ва эзоҳ шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Қуръони Карим, аҳодис, Наҷмиддини Розӣ, “Мирсод-ул-ибод”, хусусиятҳои корбурди оёту аҳодис, ашъори шоир.