Тозанашр
ИСТИФОДАИ ВОЖАҲОИ ФОРСӢТОҶИКӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ АБУМУЗАФФАРИ АБЕВАРДӢ
МУАЛЛИФ: Ризоева Парвина Сӯҳробовна, н.и.ф., муаллими калони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи МДТ «Д ДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур оид ба истифодаи вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар эҷодиёти Абумузаффари Абевардӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Абумузаффари Абевардӣ ҳамчун шоири суннатгаро дар истифодаи забони арабии фасеҳ кӯшиш намуда, ҳаммонанди он ки шоирони аҳди ҷоҳилӣ ва даврони садри ислом ҳамин шеваи баёнро устуворона пайравӣ мекарданд, ин суннатро идома бахшидааст. Бояд гуфт, ки Абевардӣ аз зумраи шоиронест, ки дар тафовут аз шоирони ҳамасри худ, аз қабили Туғроии Исфаҳонӣ ва Носиҳуддини Арраҷонӣ ба истифодаи забони арабии фасеҳ бештар кӯшиш намудааст. Ҳамин тавр, аксари вожаҳои мавриди истифода қарордодаи Абевардӣ ҳанӯз аз аҳди ҷоҳилӣ ба забони арабӣ ворид гардида, дар назми тоисломии араб низ ҷойгоҳи муайян доштанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Абумузаффари Абевардӣ, шеъри арабии классикӣ, ҷомеашиносии таърихӣ, арабии тоисломӣ, вожвожаҳои форсии миёна, таърихи фарҳангӣ.