АҲАМИЯТИ ТАЗКИРАИ «ШОМИ ҒАРИБОН» -И ШАФИҚИ АВРАНГОБОДӢ ДАР ОМЎЗИШИ ШОИРОНИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шамсидинова Назира Раимовна,.pdf)АЊАМИЯТИ ТАЗКИРАИ «ШОМИ ЃАРИБОН» -И ШАФИҚИ АВРАНГОБОДӢ ДАР ОМЎЗИШИ ШОИРОНИ ТОҶИКАЊАМИЯТИ ТАЗКИРАИ «ШОМИ ЃАРИБОН» -И ШАФИҚИ АВРАНГОБОДӢ ДАР ОМЎЗИШИ ШОИРОНИ ТОҶИК1

 


МУАЛЛИФ: Шамсидинова Назира Раимовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, факултети забонҳои шарқ, МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ањамияти тазкираи «Шоми ғарибон» -и Шафиқи Аврангободӣ дар омўзиши шоирони тоҷик бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки тазкираи «Шоми ғарибон» баробари дигар ҷињатњои арзиши адабии он, ба адабиётшиносии тоҷик бояд аз чанд мавќеъ ба муомилоти илмӣ кашида шавад ва мо мањз бо назардошти њамин нуктањо дар ин бахш танњо роҷеъ ба он шоироне, ки аслу баромадашон аз Мовароуннањр асту дар қатори иддаи бузурге аз шоирон ба Њиндустон сафар кардаанд, таваҷҷуњ менамоем. Собит карда шудааст, ки тазкираи мазкур монанди дигар тазкирањои адабиёти форсизабон баробари шомили никоти ҷолиб будан ва арзиши баланди адабӣ-таърихӣ доштан, аз маълумоти ѓалат низ орӣ нест, вале бо вуҷуди ин, ќимати тазкираи «Шоми ѓарибон» поён намешавад, зеро он дар боз кардани масоили зиндагӣ, фаъолият, осор ва ҷањонбинии як идда шоирони камомўхташудаи адабиёти тоҷик наќши муассир дорад

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

 тазкирањои адабиёти форсизабон, осор ва ҷањонбинии шоир, адабиёти тоҷик, «Шоми ғарибон» -и Шафиқи Аврангободӣ, арзиши адабӣ.