ҶОЙГОҲИ “ТАНБЕҲ-УЛҒОФИЛИН”-И СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ ДАР НАҚДИ АШЪОРИ ҲАЗИНИ ЛОҲИҶӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоев Ромезҷон Холмуминович, н.и.ф.pdf)ҶОЙГОҲИ “ТАНБЕҲ-УЛҒОФИЛИН”-И СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ ДАР НАҚДИ АШЪОРИ ҲАЗИНИ ЛОҲҶОЙГОҲИ “ТАНБЕҲ-УЛҒОФИЛИН”-И СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ ДАР НАҚДИ АШЪОРИ ҲАЗИНИ ЛОҲИҶӢ1

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоев Ромезҷон Холмуминович, н.и.ф. дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур китоби “Танбеҳ-ул-ғофилин”-и Сироҷиддин Алихони Орзу мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид гардидааст, ки Сироҷиддин Алихони Орзу илова бар рисолаи мазкур ду рисолаи дигар низ таълиф намудааст. Номи ин рисолаҳо “Сироҷи мунир” ва “Доди сухан” мебошад. Китоби “Танбеҳ-ул-ғофилин” ба нақди ашъори шоири маъруфи шибҳи қораи Ҳинд Ҳазини Лоҳиҷӣ бахшида шудааст. Муаллифи мақола зимни нишон додани равиши кори Алихони Орзу мулоҳизоти аҳли илму тазкираро низ дар бораи Ҳазини Лоҳиҷӣ зикр намудааст. Яке аз афзалиятҳои афкори интиқодии Орзу аз он иборат мебошад, ки суханвар дар ин китоб доир ба шеър, ҳаҷв, луфти сухан, нақши радиф дар маънисозӣ ва ғайра маълумот додааст. Ҳамчунин дар мақола дидгоҳҳои Орзу доир ба робитаи байни мисраъҳо дар шеър, истифодаи санъатҳои бадеӣ, тарзи беҷои таъбиру ифодаҳо бозгӯ гардидааст. Ҳамин тариқ, дар мақола Орзу ба сифати як муҳаққиқи ҳирфаӣ дар арзёбии ашъори суханварони ҳамасраш, аз ҷумла Ҳазини Лоҳиҷӣ муаррифӣ гардидааст ва мулоҳизоте, ки ӯ дар ин бора иброз доштааст, имрӯз низ аз аҳамияти хосе бархӯрдор мебошад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

“Танбеҳ-ул-ғофилин”, Сироҷиддин Алихони Орзу, Ҳазини Лоҳиҷӣ, ҳашв, ҷамъбандии калимаҳо, лутфи шеър, сирқоти адабӣ