Тозанашр
ИНЪИКОСИ ВОҚЕАИ ТАЪРИХӢ ДАР ШЕЪРИ ФАРЗОНА
МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Мадина Њайдарҷоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, факултети филологияи тоҷик МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола хусусиятҳои ғоявӣ-бадеӣ ва услубии шеъри «Видои Темурмалик»-и Фарзонаи Хуҷандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Корномаи Темурмалик ҳанӯз қуруни вусто ҳамчун рамзи мардонагӣ, ватандӯстӣ ва қаҳрамонии халқу миллат шинохта шуда, ин чеҳраи хоси миллӣ на танҳо дар шеъру адаби форсу тоҷик, балки дар адабиёти халқҳои ҷаҳон роҳ ёфтааст. Дар ашъори суханварони муосири тоҷик симои Темурмалик ва ҳодисаҳои таърихии он давра аз китоби муаррихони асримиёнагӣ сарчашма мегирад. Фарзонаи Хуҷандӣ дар шеъри «Видои Темурмалик» бузургӣ ва қаҳрамонии Темурмаликро муаррифӣ карда, бо ин роҳ дар зеҳну шуури хонанда ҳисси ифтихору меҳандӯстиро парвариш медиҳад. Шеъри мазкур солҳои 90-уми асри бист, дар марҳалаи ҳассоси ташаккули Тоҷикистони навин, ҳангоми ҷангҳои бародаркуш рӯйи кор омада, он намунаи хубе аз шеъри ватандўстона аст, ки дар пардаи рамзу киноя эҷод гардидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фоҷеаи таърихӣ, лирикаи персонажӣ, шеъри муосир, ватандӯстӣ, симои таърихӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, видои Темурмалик.