Тозанашр
МУРУРЕ БА ТАҲҚИҚИ МЕРОСИ АДАБИИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ
МУАЛЛИФ: Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, д.и.ф., сармуаллими кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳқиқу баррасии омӯзиш ва пажуҳиши зиндагиномаву мероси адабӣ, вежагиҳои ашъори Назирии Нишопурӣ дар адабиётшиносии миллӣ ва хориҷӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар ҷараёни таҳқиқ муқаррар кардааст, ки ашъори Назирии Нишопурӣ дар кишварҳои Њинду Эрон, Афғонистон, Тоҷикистону Русия ва Олмон мавриди таваҷҷуҳи адабиётшиносону забоншиносон қарор гирифтааст. Рисолаву мақолаҳое дар заминаи ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти шоир ба қалам омадаву нашр шудаанд. Рисолаи худи муаллиф аз ҷумлаи корҳои аввалини ҷомеъ дар таҳқиқи эҷодиёти Назирии Нишопурӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Муаллиф бо таҳлилу баррасии бештари осори мазкур ба натиҷае расидааст, ки бо ин ҳама ҷанбаҳои омӯхтанашудаи эҷодиёти шоир мавҷуданд, ки матншиносӣ ва таҳияву нашри девони илмӣ-интиқодии Назирӣ аз ҷумлаи аввалин вазифаҳо дар ин самт ба шумор меравад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Назирии Нишопурӣ, сабки ҳиндӣ, ғазал, таҳқиқи вежагиҳои ҳунарӣ, адабиётшиносии тоҷик, адабиётшиносии кишварҳои форсизабон, адабиётшиносии ҷаҳон, поэтика, нақди адабӣ.