НАҚШИ ИБҲОМ ВА НАМОД ДАР ТАШАККУЛИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева Муътабархон Саидмуртазоевна, н.и.ф.,.pdf)НАҚШИ ИБҲОМ ВА НАМОД ДАР ТАШАККУЛИ ШЕЪРИ ҲОФИЗНАҚШИ ИБҲОМ ВА НАМОД ДАР ТАШАККУЛИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ1

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Муътабархон Саидмуртазоевна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷикӣ МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Таносуби маъно, тозагии афкор, печидагии сухан, фосилагирӣ аз як маънои мушаххасу қатъӣ ва далолати он ба ду ё бисёрмаъноӣ камоли ҳунари тасвиргарӣ ва ибтикороти ҳунарии Ҳофиз дар эҷоди ғазал аст. Низоми фикрӣ ва балоғати тасвир дар таҷрибаи шеърии ӯ ифодагари лояҳои зерину рӯйини осори шоир мебошанд, ки ба василаи корбурди зебоишиносонаи унсурҳои балоғии ибҳом ва намод шакли устувор ва таъсиргузор пайдо кардаанд. Ҳофиз ибҳом ва намодро дар таҷрибаи шеъриаш, пеш аз ҳама, бо ҳадафи такмили сохтори маъноӣ ва зебоишиносии жанри ғазал ба кор гирифтааст. Дар ин замина андешаҳоеро дар либоси ҳунарӣ матраҳ кардааст, ки аксаран дарунмояи пинҳони шеъри ӯро ғанӣ ва чандпаҳлу сохта, яке аз омилҳои таъвилпазирии осораш гардидаанд. Хулоса, дар ин мақола сирри чунин тарҳи ҳунарии Ҳофиз ба воситаи ибҳом ва намод мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор гирифта, дар ин замина моҳияти тозакориҳои шоир мушаххас гардидааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

намод, ибҳом, лафз, маъно, балоғат, зебоишиносӣ, сохтори маъноӣ, низоми фикрӣ.