Тозанашр
ФАРҲАНГИ «МУТТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ» ВА МАСОИЛИ ТАСҲЕҲУ ТАНҚЕҲИ МАТНИ ОСОРИ АДАБӢ
МУАЛЛИФ: Саидов Саидумрон Ғаниҷонович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур сухан оид ба Фарҳанги «Муттародифот ва истилоҳот» яке аз асарҳои муҳимми суханшиноси Ҳинд Муҳаммад Подшоҳ, меравад, ки соли 1875 ба чоп расидааст. Ин фарҳанг 3855 мутародифот, истилоҳот, ташбеҳот, киноёт ва истироотро дар бар гирифтааст, ифодагари имкониятҳои фаровони забони тоҷикиву форсӣ мебошад. Муҳаммад Подшоҳ ин асарро бо дархости Султони Баҳодур Маҳороҷа таълиф кардааст ва қасди таҳияи як фарҳанги шеърии арзишмандро доштааст. Ин фарҳанг барои суханварону суханшиносон муҳим буда, ба ғановатмандӣ ва рушди таркиби луғавию таъбироти шеърии забони тоҷикӣ мусоидат мекунад ва дар тасҳеҳу барқарор кардани осори адабии суханварон арзишманд аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Фарҳангнигории Шибҳи Қораи Ҳинд, фарҳангҳои тафсирии форсӣ, Муҳаммад Подшоҳ, воҳидҳои фразеологӣ, тафсир, хусусиятҳои лексикографӣ, танқеҳ, арзиши адабӣ.